LIVE

Ҳайати сабадҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 дар минтақаи Осиё муайян шуданд

Маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар минтақаи КФО санаи 17-уми июл баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин қуръакашӣ шомили сабади 3 буда, дақиқан бо яккачинҳои Фаластин, Ҳиндустон, Баҳрайн, Таиланд, Кореяи Шимолӣ, Тайбейи Чин ва Филиппин рӯ ба рӯ намешавад. Дар қуръакашӣ 40 даста ба 8 гурӯҳ ҷудо шуда, ду бозигӣ анҷом медиҳанд. 8 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ва 4 мунтахаби дигаре, ки аз ҳама натиҷаи беҳтар доранд, ба даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳхат мегиранд.
Сабади тартибдодашудаи ҳайати дастаҳо бошад пеш аз қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба таври зайл аст:
Сабади 1
Эрон
Ҷопон
Кореяи Ҷанубӣ
Австралия
Қатар
АМА
Арабистони Саудӣ
Чин
Сабади 2
Ироқ
Ӯзбекистон
Сурия
Лубнон
Уммон
Қирғизистон
Ветнам
Урдун
Сабади 3
Фаластин
Ҳиндустон
Баҳрайн
Таиланд
ТОҶИКИСТОН
Кореяи Шимолӣ
Тайбейи Чин
Филиппин
Сабади 4
Туркманистон
Мянмар
Гонконг
Яман
Афғонистон
Ҷазираҳои Малдив
Қувайт
Малайзия
Сабади 5
Индонезия
Сингапур
Непал
Бангладеш
Муғулистон
Гуам
Шри-Ланка
Камбоҷа / Покистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив