LIVE

"Бавария" ба финал баромад

«Бавария» дар бозии даври нимниҳоии Ҷоми Олмон бар тими «Айнтрахт» зафар ёфт. Бозӣ дар «Алянтс-Арена» сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:1 ба  суди мюнхениҳо хатм шуд. Дар дақиқаи 14-уми дидор ниммуҳофизатгар Иван Перишич ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 69-уми рақобат Данни да Коста аз ҳайати «Айнтрахт» таносубро баробар кард. Бо гузашти 5 дақиқа «Бавария» боз ба пеш баромад.  Ҳамлавар Роберт Левандовски голи ғалабаоварро ба самар расонид. Дар финал, ки рӯзи 4-уми июл доир мешавад,  «Бавария» бо «Байер» рақоб мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив