LIVE

Нахустин ғалабаи "Бавария" баъди барканории Ковач


Дастаи "Бавария" дар вохӯрии даври 4-уми бозиҳои гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо "Олимпиакос"-ро дар "Алянс Арена" шикаст дод. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 бо голҳои задаи Роберт Левандовский (69) ва Иван Перишич (89) ҷамъбаст шуд. Ҳафтаи гузашта баъди бохти калон аз "Айнтрахт" Франкфурд дастаи Нико Ковач аз мақоми сармураббии дастаи "Бавария" барканор карда шуд. Кори дастаро ҳоло Ҳанси Флик ба сифати иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ ба пеш мебарад. "Бавария" баъди 4 давр бо 12 хол дар ҷойи аввал аст "Олимпиакос" бошад бо як имтиёз дар зинаи 4-ум меистад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив