LIVE

Дастоварди беназири Нико Ковач

Дидори ниҳоӣ барои дарёфти ҷоми Олмон оид ба футбол дар мавсими ҷорӣ байни дастаҳои “РБ Лейптсиг” ва “Бавария” дар варзишгоҳи “Олимпиаштадион”-и Берлин рӯзи 25-уми май сурат гирифта, бо ғалабаи бузурги шогирдони Нико Ковач хотима ёфт. Мюнхениҳо дар дақиқаи 29-уми бозӣ бо голи Роберт Левандовский пеш баромаданд. Дар дақиқаи 78-уми бозӣ Кингсли Коман бартарии тимашро дуболо кард. Бо гузораи 7 дақиқаи дигар Левандовский голи дуюми худро ба ҳадаф расонида, ҳисобро 3-0 кард. “Бавария” бори 19-уми ҷоизаи ҷоми кишварашро соҳиб шуд. Онҳо ин мавсим дубли тиллоӣ карданд. Қаблан дар чемпионат низ шогирдони Нико Ковач унвони қаҳрамониро соҳиб шуданд. Бошгоҳи “РБ Лептсиг”, ки соли 2009 таъсис ёфтааст, бори аввал ба финали мусобиқоти ҷоми Олмон баромад. Нико Ковач сармураббии дастаи Бавария нахустин нафарест, ки ҷом ва чемпионати Олмонро ҳам ба ҳайси футболбоз ва ҳам ба ҳайси сармураббӣ ба даст овардааст. Қаблан чунин дастовард ба касе даст надода буд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив