LIVE

Рекорди Роналду 26 дақиқа пас аз ҷониби Месси иваз карда шуд

Форворди «Ювентус» - Криштиану Роналду дар бозии даври 20-уми Серияи А-и Италия ба дарвозаи  «Парма» ду гол зад. Ин зарбаҳои нишонрас барои ҳамлагари 34  сола 431 ва 432-юмин голаш дар топ-5 Чемпионати Аврупо ба ҳисоб меравад. Баъди ин нишондод футболкори португалӣ бо рақиби азалии хеш - Лионел Месси шумораи голҳояшро баробар сохт. Месси бо пироҳани «Барселона» бар муқобили «Гранада» бозӣ мекард, ки баъди 26 дақиқаи голи дуюми Роналду капитани “Барса” низ гол зад. Шумораи зарбаҳои дақиқашро ба 433 адад расонид. Ҳамлагари аргентинӣ дубора садрнишини топ-5 Чемпионати Аврупо гардид. Роналду дар баробари «Ювентус» ҳамчунин дар «Манчестер Юнайтед»-и  Англия ва «Реал»-и Испания низ бозӣ кардааст. Месси тамоми корномаи варзишиашро танҳо дар «Барселона» баргузор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив