LIVE

Бензема аз рӯи овоздиҳии мухлисон барои “Тӯби тиллоӣ” аз Месси пеш гузашт

Нашрияи испании Marca дар байни хонандагон як пурсишеро доир кардааст, ки дар он суоле гузоштааст, ки соли 2021 кӣ бояд "Тӯби тиллоӣ" -ро соҳиб шавад?.
Аз рӯи овозҳо ғолиб ҳамлагари “Реал Мадрид” - Карим Бензема бо 38% овозҳо гардидааст. Аксар мухлисони сомонаи мазкур ба ҷонибдории Бензема овоз додаанд.  Дар ҷои дуввум, бо тафовути як фойз камтар, ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси қарор гирифтааст.  Ҳамлавари “Бавария” - Роберт Левандовски (14%) сегонаи беҳтаринро банд кардааст. 
Бозигари "Манчестер Юнайтед" - Криштиану Роналду 4 фисади райҳоро моли худ кардааст. 
Маросими ҷоизасупории "Тӯби тиллоӣ" дар соли 2021 5-уми декабр дар Париж ба нақша гирифта шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив