LIVE

Бензема: Барои “Тӯби тиллоӣ” талош мекунам, то орзуямро амалӣ созам

Ҳамлагари «Реал» ва мунтахаби Фаронса  Карим Бензема иқрор шуд, ки орзуи ба даст овардани  «Тӯби тиллои»-ро дорад. 
«Аз кӯдакӣ орзуи соҳиб шудани “Тӯби тиллои”-ро доштам. Ин орзуи аксари футболбозон аст. Албатта, футбол бозии дастаҷамъона аст, аммо вақте ки шумо ба дастаи худ дар пирӯзӣ кӯмак мекунед, нақши муҳим мебозед, гол мезанед, шумо мекӯшед, ки "Тӯби тиллоӣ" -ро ба даст оред. Ман саъй хоҳам кард, ки ин ҷоизаро ба даст орам. Умедворам, ки рӯзе орзуи хурдсолии худро, амалӣ хоҳам кард "мегӯяд суханони Бензема AS.
France Football рӯйхати довталабони "Тӯби тиллоӣ", ҷоизаи беҳтарин бозигари солро муаррифӣ кард. Дар соли 2021 30 бозигар барои ҷоиза мубориза мебаранд. Карим Бензема низ ба рӯйхати довталабон шомил карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив