LIVE

Левандовски-беҳтарин футболбози соли 2020

Ҳамлавари бошгоҳи «Бавария» - Роберт Левандовски аз рӯйи фарзияи Globe Soccer беҳтарин футболбози соли 2020 эълон гардид. Инчунин дар рӯйхати муддаиён Чиро Иммобиле («Латсио»), Криштиану Роналду («Ювентус»), Карим Бензема («Реал»), Лионел Месси («Барселона»), Маркинйос («Пари Сен-Жермен»), Садио Мане («Ливерпул») ва Серж Гнабри («Бавария») ҳузур доштанд. Дар маросими овоздиҳӣ, ки аз ҷониби хонандагони сомонаи Globe Soccer роҳандозӣ шуд, Левандовски соҳиби 38 дарсади овоз шуда, унвони беҳтарин футболбози солро соҳиб гардид. Қаблан Роберт Левандовски аз рӯйи фарзияи ФИФА ва The Guardian беҳтарин футболбози соли ҷорӣ эълон шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив