LIVE

Лионел Месси: Ман дар "ПСЖ" хушбахтам

Ҳамлагари “Пари Сен-Жермен” - Лионел Месси дар бораи тасмими аз “Барселона” ба клуби Париж гузаштанаш нақл кард.
“Барселона” изҳорот дод, ки ман дар клуб монда наметавонам, бинобарин ман дар бораи чӣ кор карданам фикр карданро сар кардам. Баъдан маҷбур шудам, ки клуби нав пайдо кунам, то касбамро идома диҳам. Ба ман насиб шуд, ки аз чанд клуби калон, аз ҷумла ПСЖ пешниҳодҳо гирам. Ман миннатдорам, зеро аз аввал ба ман хеле хуб муносибат мекарданд.
ПСЖ нишон дод, ки онҳо воқеан ба ман таваҷҷӯҳ доранд ва ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Ман аз ин миннатдорам, зеро ҳоло ман хушбахтам. Дигар пешниҳодҳо буданд, аммо мо зуд бо ПСЖ ба тавофуқ расидем. Аён аст, ки маро лоиҳа, бозигарон ва сатҳи даста ҷалб карданд. Ҳамаи ин ҷузъҳо раванди музокиротро содда кардаанд.
Ман ба худам гуфтам, ки мутобиқ шудан барои ман осонтар хоҳад буд. Ва ман хато накардаам, зеро мутобиқ шудан хеле осон буд, хусусан аз сабаби он ки бисёр бозигарони ин ҷо бо ман испанӣ ҳарф мезананд», - гуфтааст,  Мессии FranceFootball.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив