LIVE

Ракитич: ман ҳеҷ гоҳ бо Месси ва Суарес дӯст набудам

Нимҳимоятгари “Севиля” Иван Ракитич, ки дар “Барселона” бозӣ мекард, дар бораи муносибати худ бо ҳамлагарони дастаи собиқаш Лионел Месси ва Луис Суарес қиса кард. 
“Ман ва Месси ва Суарес ҳеҷ гоҳ дӯсти наздик набудем. Ман фикр мекунам душвор аст, ки бо 23-24 нафар аъзои даста  дӯст будан мушкил аст.
Дустони наздиктарини ман Инйеста, тер Штеген, Боатенг ва Фирпо дар гузашта буданд. Аммо ман ҳам Лео ва ҳам Луисро эҳтиром мекунам. Онҳо шаш сол боз ҳамсафари ман буданд, онҳо бозигарони хеле муҳиманд. Ман ҳамеша бо онҳо хуб муносибат мекардам ва хеле эҳтиромашон мекунам. Дар танаффус бо сабаби пандемия, мо ҳама якҷо будем. Ман аз онҳо барои он ки дар тӯли ин солҳо бо ман хуб муносибат мекарданд, хеле миннатдорам», - иқрор шудааст Ракитич.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив