LIVE

Хави: "Ман барои Лео хеле ғамгинам”

Собиқ футболбози маъруфи «Барселона» Хави, ки ҳоло дастаи «Ал-Садд»-и Қатар роҳбарӣ мекунад, назари худро роҷеъ ба рафтани ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси аз клуби каталонӣ ба «Пари Сен-Жермен» баён намуд.
"Ман барои Лео хеле ғамгинам. Дидани он, ки ӯ ва клуб ҳалли худро наёфтанд, шармовар аст. Ман медонам, ки Лео мехост монад, аммо дар ниҳоят вазъ ҳал нашуд.
Ягона чизе, ки ҳоло гуфта метавонам, ин аст, ки ӯро бисёр пазмон мешавам. Ҳатто тасаввур кардан душвор аст, ки Месси либоси дигареро ба ҷуз аз “Барселона” дар бар мекунад. Ин ҳам барои Лео ва ҳам барои клуб ғамгин аст”.
 10-уми август, Месси бо ПСЖ қарордоди дусола имзо кард. Созишнома имкони тамдиди мавсими дигарро дар бар мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив