LIVE

Гвардиола бори аввал дар бораи рафтани Месси ҳарф зад

Бори аввал сармураббии дастаи “Манчестер Сити” - Хосеп Гвардиола вазъро дар атрофи ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси шарҳ дод.   

 «Ба ман лозим нест, ки дар ин бора чизе шарҳ диҳам. Лео инро хеле хуб баён кард ва барои боз ҳам ҳарф задан дар ин масъала ман чизе илова карда наметавонам. Ӯ футболбози “Барселона” аст, клубе, ки ман дӯсташ медорам», иқрор шудааст Гвардиола.
Ёдовар мешавем, ки дар охири мавсими гузашта Месси хост аз “Барселона” равад ва дастаи худро  тағйир диҳад. Дар як банди шартнома ба ӯ имкони рафтан фароҳам буд, каталониҳо аз озод кардани футболбози аргентинӣ даст кашида,  ин иқдоми бозигари худро  ба эътибор нагирифтанд. Клуб омода буд Леоро танҳо барои маблағи ҷуброн дар ҳаҷми 700 миллион евро раҳо кунад. Ҳамлагари 33-сола қарор кард, ки “Барселона”-ро ба додгоҳ кашад. Довталаби асосӣ барои футболбози аргентинӣ “Манчестер Сити“ ном  бурда мешавад. Дар ниҳоят Месси барои боз як мавсими дигар дар “Барса” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив