LIVE

Дар ҷанги Месси ва “Барселона” яке ғолиб шуд

Сомонаҳои маъруфи Football Espana ва TyC Sports тақдири фаъолияти варзишии минбаъдаи капитани 33-солаи "Барселона" Лионел Мессиро нашр карданд. 
Ҳамин тавр, тибқи маълумотҳо 90% эҳтимол меравад, ки Лионел Месси муҳлати боқӣ мондаи шартномаашро бо “Барселона”, ки он то тобистони соли 2021 пешинӣ шудааст, иҷро мекунад. 
Ёдовар мешавем, ки қаблан Месси дар бораи хоҳиши тарк кардани клуб ба “Барселона” хабар дода буд. “Манчестер Сити” довталаби аслии мубориза барои футболбози аргентинӣ маҳсуб мешавад. Аммо, “Барселона” Лионелро раҳо карданӣ нест, бинобар ин онҳо омодаанд ҳамлагарро танҳо дар сурати пардохти ҷубронпулӣ ба маблағи 700 миллион евро фурӯшанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив