LIVE

Дастаи ояндаи Лионел Месси муайян шуд

Эҳтимол меравад, ки Лионел Месси ба назди мураббии собиқи худ, мутахассиси испанӣ Хосеп Гвардиола рафтан мехоҳад. Сармоягузони дастаи «Манчестер Сити» имкони таъмини талаботҳои молиявии дорандаи шаш тӯби тиллоиро доранд. Гуфта мешавад, ки Месси бо Гвардиола суҳбати махсус низ дошт ва баъди ин мулоқот ба роҳбарияти дастааш хулосаи худро дар мавриди рафтанаш аз даста ошкор кард. 
«Барселона» ба дастаҳои хоҳишманд дирӯз эълон намуд, ки Мессиро танҳо дар сурате мефурӯшад, ки маблағи дар шарнома ҳамчун ҷубронпулӣ омодаро (700 млн евро) пардохт кунад. Рафтани Месси натанҳ талафоти бузург барои «Барселона», балки барои тамоми футболи Испания арзёбӣ мешавад. Лионел Месси аз соли 2003 инҷониб дар ҳайати "Барселона" бозӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив