LIVE

«Барселона» рафтани Мессиро тасдиқ кард

Ҳамлагари Аргентинӣ Лионел Месси ба бошгоҳи худ барои тарки даста намуданаш дархост фиристодааст. Ин хабарро дастаи «Барселона» низ тасдиқ кард. Дар ин бора Football Espana иттилоъ додааст. 
Тавре гуфта мешавад, футболбоз роҳбарияти бошгоҳи «Барселона»-ро огоҳ намудааст, ки хоҳиши тарк намудани дастаро дорад. Дар навбати худ каталониҳо тамоми тадбирҳоро меандешанд то ин бозигари худро дар ҳайат нигоҳ доранд.  Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ футболбози маъруф аз як банди шарномаи худ, ки дар он омодааст, ки Месси баъд аз анҷоми ҳар як мавсим ҳуқуқ дорад, ки бидуни розигии тарафайн шарномаро мустақилона бекор кунад, истифода бурдан мехоҳад. 
Дар мавсими гузашта Месси 33 сола дар 44 бозӣ бо пироҳани “Барселона” ба майдон баромада, 31 гол ва 26 партофти головар анҷом додааст. 
Қарордоди ҳамкории Месси бо “Барселона” то соли 2021 пешбинӣ шудааст. Лионел Месси дастпарвари «Барселона» буда, беҳтарин нишонзан дар таърихи бошгоҳ ба ҳисоб меравад.  Дар ҳайати дастааш  ӯ 4 маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳо гаштаасту қаҳрамони бисёркаратаи Испания маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив