LIVE

Месси тасмим гирифт, ки «Барселона»-ро тарк кунад

Футбобозии аргентинӣ - Лионел Месси ба хулосае омад, ки  «Барселона»-ро тарк кунад.  Дар ин бора  COPE навиштааст.
Ба иттилои сарчашма футболбози 33 соларо фазои дохилии даста ба танг овардааст ва дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки қарордодро тамдид намекунад.  Шартномаи “Барса” бо Месси соли 2021 эътибор дорад. 
Капитани бошгоҳ дар пеши роҳбарият шарт гузоштааст, ки дар он сурат дар даста меистад, ки дар ҳайати аввалия тағйиротҳои асосӣ ворид карда мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо “Барселона” аз “Бавария” бо ҳисоби 8:2 мағлуб шуд ва аз идомаи мубориза барои ҷоиза бенасиб монд. Сар аз соли 1946 ин аввалин бор аст, ки “Барселона”  дар як бозӣ 8 гол сар медиҳад. 
Қаблан гуфта мешуд, ки  «Интер» барои амалӣ намудани трансфери Месси дар соли 2021 омодагӣ мебинад ва ба дорандаи шаш “Тӯби тиллоӣ” шартномаи 4 сола дар ҳаҷми  260 млн €  пешниҳод кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив