LIVE

Чаро падари Месси дар Милан хона харид?

Хорхе Месси падири ҳамлагари аргентинии дастаи  «Барселона» Лионел Месси  манзили истиқоматиеро дар шаҳри Милан сармоягузорӣ кардааст. Дар ин бора La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад. 
Хорхе манзилро дар ноҳияи  Порта Нуова харидорӣ кардааст ва метавонад аз моҳи август дар онҷо зиндагӣ кунад. Тавре гуфта мешавад, оилаи Месси манзилро дар Италия бо мақсади имтиёзҳои андозӣ моли худ сохтаанд. Назар ба Испания дар Италия барои сармоягузорон дар масъалаи андоз сабукиҳои зиёд оварда шудааст, ки қаблан аз ин роҳ ҳамлагари «Ювентус» - Криштиану Роналду низ истифода карда буд. 
Қаблан хабар дода шуд, ки сарпарасти асосоии «Интер» Pirelli мехоҳад, ки Мессиро дар дастаи «Интер» бубинад. Бархе аз мураббиён бошанд, ҳатс мезананд, ки футболбоз дар оянда аз «Барселона» ба «Интер» мегузарад. 
Шартномаи футболбози 32 сола бо дастаи «Барселона» моҳи июни соли 2021 ба анҷом мерасад. Месси аз соли 2005 ин ҷониб дар дастаи каталонӣ бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив