LIVE

Падари Месси: Мо кор карда истодаем, ки Лео дар “Барса” монад

“Барселона” ва намояндагони Лионел Месси билохира ба чунин хулоса омаданд, ки футболбоз мувофиқи шартномаи амалкунанда, як мавсими дигарро дар бошгоҳи каталонӣ сипарӣ мекунад. Хабар медиҳад Sky Sport Italia.
Дар мусоҳиба бо Deportes Cuatro, падари Месси иқрор шудааст, ки "мулоқот бо Бартомеу хеле хуб гузашт" ва ҳоло ҳарду ҷониб талош доранд, то футболбози аргентинӣ то тобистони соли 2021 дар “Барселона” фаъолияташро идома бидиҳад. 
Ин ҳам дар ҳоле аст, ки қабл аз мулоқот падари Месси гуфта буд, ки тамоми тадбирҳоро меандешад, то писараш тарки даста намуда, бо "Ман Сити" қарордод бандад. 
Талошҳои Месси ва намояндагони ӯ барои пеш аз муҳлат бекор кардани шартномаи тарафайн ва ҳамчун агенти озод гузариш кардан ба дастаи англисӣ натиҷаи дилхоҳ надод.
Зимни сӯҳбат роҳбари бошгоҳи каталонӣ гуфтааст, ки имкон надорад то футболбоз аз "Барса" равад ва ин масъала дуру дароз баррасӣ шудааст. Гузашта аз ин, Президенти бошгоҳи “Барселона” Хозеп Мария Бартомеу ба падари футболбози аргентинӣ пешниҳод кардааст, ки хуб мешавад агар Месси қарордодашро бо мо барои боз ду соли дигар тамдид кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив