LIVE

Ҷузъиёте аз мулоқоти Бартомеу ва падари Месси ошкор шуд

Мулоқоти президенти “Барселона” - Хосеп Бартомеу бо Хорхе Месси, падари капитани нилунориҳо - Лионел Месси ба поён расид. 
Зимни сӯҳбат роҳбари бошгоҳи каталонӣ гуфтааст, ки имкон надорад то  футболбоз аз "Барса" равад ва ин масъала дуру дароз баррасӣ шудааст. Гузашта аз ин, ӯ ба падари футболбози аргентинӣ пешниҳод кардааст, ки хуб мешавад то Месси қарордодашро бо мо барои боз ду соли дигар тамдид кунад.
Қайд карда мешавад, ки дар ин вохӯрӣ инчунин намояндаи махсуси бошгоҳ Хавиер Бордас, адвокат  ва бародари футболбоз Родриго, ки  манфиатҳои Мессиро ҳимоя мекунад  иштирок доштаанд. 
Қаблан ҷияни Мессӣ гуфта буд, ки ӯ аз рафтани ҳамлагар аз Барселона итминон надорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив