LIVE

Роҳбарияти “Барса” аз мулоқот бо Месси роҳи гурез меҷӯяд

Рӯзноманигор Гилйем Балаге хабареро нашр намудааст, ки дар он ҳолати дохилии бошгоҳи “Барселона” дар мавриди рафтани Лионел Месси ошкор шудааст.  
Қабл аз оне, ки Месси ба роҳбарияти дастааш дархост равон кунад, мақсади мулоқот ва суҳбат аз наздикро доштааст, аммо бо гузашти 24 саоати интизорӣ касе бо ӯ дар робита ва ҳамсуҳбат шудан нахостааст. Зеро ҳамагон медонистаанд, ки  Месси дар бораи рафтанаш аз даста суҳбат кардан мехоҳад. Роҳбарияти бошгоҳ иқрор шудаанд, ки дар он ҳолате ба ин вохӯрӣ розӣ мешудаванд, ки футболбоз дар мавриди бастани шартномаи нав муроҷият кунад, на дар бораи рафтанаш. 
Месси аз ба хотири эҳтиром нисбати “Барселона” намехоҳад, ки гузариши ӯ бо ҷанҷолу ҳамдигарнофаҳӣ анҷомад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив