LIVE

Бозигарони "Барса" медонистанд, ки Месси меравад

Рӯзноманигори ESPN Ҷорди Бланко навишт, ки қарори ҳамлагари 33-солаи Аргентина Лионел Месси дар мавриди рафтан барои ҳамдастагонаш ғайри чашмдошт набудааст, зеро онҳо аллакай барвақт медонистаанд, ки Месси дар баробари анҷоми мавсим дастаро тарк мекунад. 
Тавре хабар дода мешавад, баъд аз бохти “Барселона” аз “Бавария” бо ҳисоби бузург (2:8) дар бозии даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо Месси ба ҳамдастагонаш иқрор шудааст, ки мақсади иваз кардани дастаро дорад. Аммо он замон Месси замони рафтанашро нагуфта будааст, танҳо баён доштааст, ки мехоҳад муҳиди худро иваз кунад. 
Тавре гуфта мешавад, футболбоз роҳбарияти бошгоҳи «Барселона»-ро огоҳ намудааст, ки хоҳиши тарк намудани дастаро дорад.
Футболбози мазкур аз як банди шарномаи худ, ки дар он омодааст, ки Месси баъд аз анҷоми ҳар як мавсим ҳуқуқ дорад, ки бидуни розии тарафайн шарномаро мустақилона бекор кунад, истифода бурдан мехоҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив