LIVE

Гаттузо: Месси дар майдон кореро мекунад, ки онро дар Playstation мебинӣ

Сармураббии «Наполи» - Ҷеннаро Гаттузо назари худро дар мавриди бозии нахустини даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили «Барселона» чунин баён намуд: 

“Ман мебинам, ки Месси метавонад кореро кунад, ки ман онро зимни бозӣ дар Playstation бо писарам иҷро мекунам. Ӯ қаҳрамон бо дастовардҳои бузург аст. Месси  намунаи олӣ барои насли наврас маҳсуб мешавад ва онҳо бояд бубинанд то инсонҳо барои рушди  фаъолияти хеш чӣ корҳо  мекунанд.
Муқобили Месси бозӣ кардан мушкил аст, аммо бозигарони ман барои анҷоми ин кор талош мекунанд.  
Месси беҳтарин солҳоро дар корномааш анҷом медиҳад. Ӯ имрӯз ҳам беҳтарин футболбоз маҳсуб мешавад - иқрор шудааст, Гаттузо”.
Бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни «Наполи» ва «Барселона» дар Италия шоми имрӯз 25-уми  феврал баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив