LIVE

Анчелотиро дар "Наполи" Гаттузо иваз кард


Ба вазифаи сармураббӣ дар дастаи "Наполи" Ҷенаро Гаттузо омад. Ӯ дар ин вазифа устодаш Каро Анчелотиро иваз кард. Ёдовар мешавем, ки Ҷенаро Гаттузо бо роҳбарии Анчелоти мавсимҳои 2001-2009 дар "Милан" ҳунарнамоӣ кардааст. Мутухассиси 41 солаи итолявӣ қаблан дар дастаи "Милан" фаъоият мекард, аммо моҳи май роҳбарияти даста ӯро аз вазифааш барканор карданд. Ҳоло дар чемпионати Италия "Наполи" баъди 15 давр дар дар ҷойи 7-ум қарор дорад. Гаттузо "Наполи"-ро то охири мавсим роҳбарӣ мекунад ва дар сурати нишондиҳандаҳои хуб шартнома тамдид карда мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив