LIVE

Ба “Милан” ва “Наполи” имтиёз зарур нест

Бозии марказии даври 13-уми Серияи А дар ин мавсим бо иштироки дастаҳои “Милан” ва “Наполи” дар “Сан Сиро” сурат гирифт. Ин ду даста, ки дучори буҳронанд мебоист барои касби 3 имтиёз талош кунанд, вале бозиро бо ҳисоби яе бар як мусовӣ хотима бахшиданд.
Ҳамлагари “Наполи” Ирвин Лосано дар дақиқаи 24-ум ҳисоби бозиро кушод. Бо гузораи 5 дақиқа Ҷакомо Бонавентура голи ҷавобиро зад. Баъд аз ин дидор дастаҳо мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надоданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив