LIVE

Ҷавонони бразилии “Реал” ба даста иқбол оварданд

Дар ҷараёни бозии даври 6-уми Примеро “Реал Мадрид” дар майдони хеш “Осасуна”-ро пазируфт. Бозӣ дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” сурат гирифта, дар он мизбонон бо ҳисоби 2-0 ғалаба карданд.
Дар дақиқаи 36-уми бозӣ ҳамлагари ҷавони бразилии даста Винисиус Жуниор бо истифода аз паси Тони Кроос ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 72-юм Родриго, ки ҳамаги 1 дақиқа пеш аз ин андари майдон шуд, бартарии мизбононро дучанд намуд. Ин голи нахустин барои  ҳамлагари 18 солаи “гаразмон”-иҳост. Ӯ тобистони имсол бо арзиши 45 млн евро аз бошгоҳи “Сантос”-и Бразилия ба дастаи пойтахти Испания пайваст.
Бошгоҳи “шоҳона” баъд аз ин дидор бо касби 14 имтиёз садрнишини ягонаи ҷадвали мусобиқа гардид. “Осасуна” бошад бо 7 имтиёз дар ҷойи 12-ум мавқеъ дорад.
“Реал” Мадридро дар анҷоми ин ҳафта бозии сахту душворе бо ҳарифи ашадиаш “Атлетико” Мадрид интизор аст. Дидори дастаҳо рӯзи 28-уми сентябр дар “Ванда Метрополитано” сурат мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив