LIVE

Бохти навбатии «Милан»

Дар рақобатҳои даври 5-уми Серияи А бошгоҳҳои «Торино» ва «Милан» рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдони «Олимпико ди Торино» доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди мизбонон хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 18-ум Кшиштоф Пёнтек аз зарбаи ҷаримавии 11 метра «Милан»-ро ба пеш баровард. Аммо хурсандии меҳмонон дер давом накард, чаро ки футболбозони «Торино» дар чор дақиқа ду голро таслими дарвозаи «Милан» намуда, онҳоро аз се имтиёз намҳрум намуданд. Дар айни ҳол «Торино» бо дарёфти 9 хол дар зинаи шашуми ҷадвал ҷой дорад. «Милан» бошад, 6 имтиёз дораду дар мавқеи 13-ум ҷой дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив