LIVE

«Ювентус» ба садри ҷадвал баромад

Дастаи “Ювентус” дар бозии марказии даври 12-уми Серияи А тими “Милан”-ро ноком кард. Набарди тимҳо дар шаҳри Турин баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди соҳибони замин хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро дар дақиқаи 77-уми майдондорӣ ҳамлавари аргентии туриниҳо Пауло Дибала аз паси головари ҳамватанаш Гонсало Игуаин ба самар расонида, пирӯзии дастаашро таъмин кард. “Ювентус” баъди ин бозӣ бо касби 32 имтиёз ба садри ҷадвали Серияи А баромад. “Милан” бошад, бо доштани 13 имтиёз дар ҷои 14-ум қарор гирифтааст. 
Чемпионати Италия. Серия А

Даври 12-ум

«Ювентус» — «Милан» — 1:0 (0:0)

Гол: Дибала, 77.

«Ювентус»: Шенсни, Куадрадо, Бонуччи, де Лигт, Алекс Сандру, Бентанкур, Пянич, Бернардески (Дуглас Коста, 61), Матюиди (Рабйо, 70), Игуаин, Криштиану Роналду (Дибала, 55).

«Милан»: Доннарумма, Конти, Дуарте, Романоли, Эрнандез, Сусо, Беннасер, Крунич (Бонавентура, 61), Лукас Пакета (Ребич, 85), Хакан Чалханоглу, Пентек (Леан, 66).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив