LIVE

«Барселона» «Наполи»-ро мағлуб кард

Бошгоҳи “Барселона” дар доираи омодагӣ ба мавсими нав бо дастаи “Наполи” ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Саҳарии имрӯз “нилунориҳо” бозии наухстини худро бо дастаи “Наполи” доир намуданд. Бозии тимҳо дар шаҳри Майамии ИМА баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди “нилунориҳо” хотима ёфт. Дар ин дидор голҳои “Барселона”-ро Серхио Бускетс ва Иван Ракитич муаллифӣ намуданд. Ягона тӯби “Наполи”-ро Самюэл Юмтити иштибоҳан таслими дарвозаи хеш намуд. Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми дастаҳо санаи 11-уми август баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив