LIVE

"Барселона" - барандаи Ҷоми Жоан Гампер

Ҳар сол пеш аз оғози мавсим “нилунориҳо” ба хотири асосгузори ин тими Жоан Гампер як бозии дӯстона баргузор мекунанд. Имсол “Барселона” барои ба даст овардани ин ҷом бо дастаи “Арсенал”-и Лондон вориди майдони рақобат шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи соҳибноми “Камп Ноу” дар ҳузури 100 ҳазор мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди шогирдони Валверде хотима ёфт. Ҳамин тавр “нилунориҳо” мавсими навро бо ба даст овардани ҷоизаи нав оғоз карданд. 


Ҷоми Жоан Гампер

"Барселона" – "Арсенал" – 2:1 (0:1)

Голҳо: Обамеянг, 36 (0:1). Мэйтланд-Найлс, 69 (худгол) (1:1). Суарес, 90 (2:1).

"Барселона": Нету (тер Штеген, 46), Пике (Тодибо, 46), Юмтити (Лангле, 46), Жорди Алба (Миранда, 63), Семеду (Ваге, 63), де Йонг (Аленя, 46), Ракитич (Сержи Роберто, 46), Пуч (Бускетс, 46), Перес (Рафиня, 46), Дембеле (Суарес, 63), Гризманн (Колядо, 79).

"Арсенал": Лено, Чемберс, Монреал (Колашинатс, 46), Папастатопулос (Мустафи, 87), Мэйтланд-Найлс, Мхитарян (Сака, 71), Уиллок (Себалос, 72), Озил (Мартинелли, 73), Ҷака (Торрейра, 86), Нелсон (Гендузи, 46), Обамеянг (Нкетиа, 86).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив