LIVE

"Милан" сармураббиашро озод кард

Бошгоҳи “Милан” дар сомонаи расмии худ, дар бораи аз вазифаи сармураббӣ   озод шудани Марко Ҷампаоли иттилоъ дод. Даста ба Марко миннатдории худро барои ин ҳама заҳматҳои кашидааш баён менамояд ва дар фаъолияти ояндааш, бурдбориҳо таманно дорад,  хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин даста. Ҷампаоли бо “Милан” тобистони ҳамин сол баъди аз ин вазифа сабукдуш шудани Ҷеннаро Гаттузо, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида буд.  Баъди гузора шудани 7-давр “Милан” дар зинаи 10 – уми ҷадвали мусобиқоти Силсилаи А- и Италия бо 9 имтиёз қарор дорад ва аз пешсафи ҷадвал бошгоҳи “Ювентус” бо 10 хол қафо мондааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив