LIVE

Пеп: Рафтани Месси барои «Барса» мушкилӣ меорад

Сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола назари худро дар мавриди ҳолати  «Барселона» баъд аз рафтани Лионел Месси баён намуд.

Агар Шумо ҳолати  “Реал”-ро баъд аз рафтани  Криштиану Роналду ба «Ювентус» дар хотир дошта бошед, бо рафтани Месси «Барселона» низ аз он бадтар мешаваду беҳтар не. 

«Мушкилоти  «Реал» баъди рафтани Роналду? Ин ногузир аст, зеро чунин футболбозон барои даста муҳиманд.  Вақте, ки  Месси аз «Барселона» меравад, барои клуб вақт лозим аст то ки ба бозии бидуни ӯ мутобиқ шавад. Ин нафарон дар як мавсим беш аз 40 - 50 гол мезананд, ба ҳамин хотир баъди рафтанашон мо хоҳем нахоҳем тимҳо дучори мушкилӣ  мешаванд», гуфтааст  Гвардиола.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив