LIVE

Месси аз «Барса» розӣ нест ва тағйири даста мекунад

Ҳамлагари аргентинии  «Барселона» - Лионел Месси имкон дорад, ки тарки бошгоҳи каталонӣ кунад. Тавре гуфта мешавад,  Месси гуфтушӯнидро бо дастааш дар масъалаи тамдиди шартнома идома надодааст.  
Месси иқрор шудааст, ки даста проблемаҳои зиёд дорад ва футболбоз намехоҳад, ки мушкилии онро боз ҳам бештар созад. Ҳамзамон Месси гуфтааст, ки маълумотҳо аз дохили даста зуд паҳн мешаванд, ки аз хабару овозаҳо дар мавриди муҳити дохилии даста хаста шудааст. Аксар мушкилиҳо ба вижа ивази сармураббиёнро ба Лионел Месси рабт медиҳанд ва ӯ гуфтааст, ки дар ин корҳо қуш нест. Аз нигоҳи дорандаи 6 “Тӯби тиллоӣ”  “Барселона” нақшаи ғолибатро дар мусобиқаҳо надорад, ки бо ин тарзи коргузорӣ имкони ғолибатро дар мусобиқа аз даст медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив