LIVE

Месси: Неймарро наоред ман меравам

Ҳамлагари дастони бошгоҳи "Барселона" - Лионел Месси дар даста боқӣ мемонад ба он шарте, ки роҳбарияти тим Неймарро аз тими «Пари Сен-Жермен» ба Каталония баргардонад. Дар ин бора El Confidencial хабар медиҳад. Тибқи иттиллои манбаъ, Месси вақтҳои охир дар тим начандон ҳолати хуб дорад. Ӯро фаъолияти варзишии даста ва инчунин истеъфои Эрнесто Валверде, ки бо ӯ муносибатҳои дӯстона дошт, нигарон намудааст. Ягона чизе, ки Мессиро барои дар ҳайат мондан бармеангезад, ин бозгашти Неймар мебошад.
Месси дастпарвари “Барселона” буда, аз соли 2001 инҷониб дар сохтори тими каталониҳо фаъолият дорад. Шартномаи кунунии ӯ 30 июни соли 2021 аз эътибор соқит мегардад. Неймар тобистони соли 2017 аз "Барселона" ба арзиши 222 миллион евро ба “ПСЖ” гузашт.  Тобистони соли гузашта футболбози бразилӣ кӯшиши бозгашт ба ҳайати "нилунориҳо" -ро дошт, аммо ҷонибҳо барои ин муомилот ба мавофиқа нарасиданд. Неймар аз соли 2013 то 2017 шарафи “Барселона” - ро ҳимоя намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив