LIVE

Лионел Месси соли 2021 бозигари «Интер» мешавад

Ҳамлагари  «Барселона» ва тими миллии Аргентина  Лионел Месси баъд аз як сол корномаи худро дар Италия идома медиҳад. 
Ба иттилои Sport Mediaset, бо капитани дастаи каталонӣ тими футболи «Интер» қарордод мебандад. Бошгоҳи миланӣ нақшаи ҷалби ситораи футболи муосир, Мессиро дар соли 2021 таҳрезӣ намудааст. Ёдовар мешавем, ки шартномаи Месси бо «Барселона» соли оянда ба анҷом мерасад. 
Соҳибмулкони дастаи «Интер» омодаанд, ки ба футболбози мазкур  50 млн € дар як сол маош диҳанд. Ҷалби Лео имкон медиҳад, ки миланиҳо сарпарастони зиёд пайдо намоянд.  
Месси тамоми корномаи варзишии худро дар дастаи «Барселона» мегузаронад. Дар мавсими анҷомёфтаи чемпионати Испания Месси дар 33 бозӣ ба задани 25 гол ва 21 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив