LIVE

Легенда 33 сола шуд

Имрӯз соҳибистеъдодтарин футболбоз дар замони муосир, Лионел Месси 33 сола шуд. Месси  исми худро дар таърихи варзиши рақами яки ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои зарин навишта кардааст. Дар тӯли корномаи варзишиаш, ӯ аз ҳама бештар, дар маҷмуъ шаш маротиба  "Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овардааст.  Рӯзи 24-уми июни соли 1987 дар шаҳри Росариои Аргентина Лионел Месси чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Месси аз хурдӣ майл ба футбол пайдо карду тамринро дар тими  “Нюэлс Олд Бойз” шуруъ кард.  Дар хурдӣ намояндагони як қатор тимҳои футболи аврупоӣ майл ба ҳунари ҷодувони ӯ доштанд, аммо як ҳодиса дар ҳайёти наврасии ӯ боис шуд, то Месси узви “Барселона” шавад. Табибон норасоии ҳормонҳои афзояндаи қадро дар ҷисми Лео дарёфтанд. Барои табобати ӯ маблағи калон лозим буд, ки онро на оилаи футболбол ва на тиме, ки дар он бозӣ мекард, надошт. 
Бошгоҳи “Барселона” тамоми хароҷоти табобати Мессиро ба дӯши худ гирифт ва ҳамакнун футболкори аргентинӣ низ яке аз содиқтарин бозигари даста маҳсуб мешавад. 
Месси низ дар навбати худ барои “Барселона” хизматҳои бузург кардааст ва то ба ҳол ин рисолаташро анҷом медиҳад. Маҳз майдондории ин ситораи футбол асос шудааст, ки бошгоҳи каталонӣ соҳиби ҷойзаҳои зиёд гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив