LIVE

Ғалабаҳои Месси дар Испания ба 500 расид

Дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания «Барселона» бар тими «Леганес» ғалаба намуд. Барои футболбози маъруфи аргентинӣ – Лионел Месси ин 500-умин ғалаба бо пироҳанҳои дастаи каталонӣ маҳсуб мешавад. Дар Испания ин нишондоди рекордӣ мебошад. Зеро то ба ҳол ба касе имкон даст надодааст, ки дар ҳайати як тим ба 500 ғалаба даст ёбад. Месси барои ба даст овардани чунин ғалабаҳо бо “Барса” 709 бозӣ гузаронида, ба задани 622 гол даст ёфтааст. Ҳамчунин каталониҳо бо иштироки Месси 131 дидори дигарашро мусовӣ ва дар 79 вохӯрӣ шикаст хӯрдааст. 
Лионел Месси шуруъ аз соли 2003 дар ҳайати  «Барселона» бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив