LIVE

Луис: Месси бояд ҳамеша "Тӯби тилло"-ро ба даст орад

Собиқ дифоъгари бошгоҳи «Атлетико» ва мунтахаби Бразилия - Филипе Луис назари хешро нисбати ҳамлавари беҳамтои аргентинӣ - Лионел Месси баён кард. 

«Ман ҳамеша кӯшиш мекардам, ки сади роҳи Мессиро бигирам, аммо ин натиҷа боре ҳам ба ман муяссар намешуд. Ман ӯро ҳамчун футболбоз ба ваҷҳ меорам. Ман боре аз Месси пироҳанашро нахостаам. Ба хотири мубориза бурдан бар муқобили ӯ ба майдон мебаромадам. Ба монанди Лионел то ҳол футболбози қавӣ надидаам. Аз нигоҳи ман Месси бояд, ҳамеша “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овард», — иқрор шудааст Филипе Луис.

Ёдовар мешавем, км Мессии 32 сола ҷоизадори шаш “Тӯби тиллоӣ” мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив