LIVE

Яя Туре: Ин шармандагист, вақте, ки «Тӯби тиллоӣ»-ро ....

Ниммуҳофизатгари клуби «Тсиндао Хайню» - Яя Туре доир ба маросими  “Тӯби тиллоӣ” чунин изҳори андеша намудааст.  
“Ҳуқуқи ба даст овардани «Тӯби тиллоӣ»-ро бештар Садио Мане дошт. Ӯ арзандатар аст. Ҳоло дар қораи Африқо аз ӯ дида, футболбози беҳтарро намебинам. Шумо дидед, ки ӯ дар мавсими гузашта чӣ кор кард? Чӣ қадар гол зад? Бо «Ливерпул» ба кадом мартаба расид? Ба назари ман дар чунин ҳолат ин шармандагист, вақте, ки «Тӯби тиллоӣ» ба ашхосе дода мешавад, ки дастаи ӯ дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб нагаштааст, гуфтааст:  Туре. 
Туре феълан дар тими «Тсиндао Хайню»-и Чин бозӣ мекунад. Ӯ қаблан шарафи тимҳои ба монанди «Олимпиакос», «Манчестер Сити», «Барселона», «Монако», «Металлург» ва «Беверена»-ро ҳимоя мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ин ҷоизаи бонуфузро дар корномаи варзишии хеш бори шашум Лионел Месси моли худ сохт. Яя бо Месси давоми се мавсим дар «Барселона» бо ҳам бозӣ намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив