LIVE

Корреа: чӣ тавр сади роҳи Мессиро гирифт?

Ҳамлагари «Атлетико» Анхел Корреа ба саволе, ки читавр сади роҳи футболбози «Барселона» - Лионел Месси-ро гирифт?  чунин посух додааст.  
“Ба андешаи ман аз замони пайдоиши  Месси ҳамагон ин суолро медиҳанд ва он посух надорад. Даста барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ давоми 90 дақиқа бар муқобили ӯ  мубориза барад. Ӯ футбобозе мебошад, ки тамоми лаёқатро дорад. Рақобат кардан бар муқобили ӯ маро хуш ҳол мекунад ва умед дорам, ки ин навбат мо дастболо мешавем. Лионел инсони оромтабиат аст. Ҳарчанд ӯ беҳтарин футболбози ҷаҳон маҳсуб мешавад, аммо хоксору заминист”, гуфтааст Корреа
Ёдовар мешавем, ки дар доираи рақобатҳои даври нимниҳоии Суперҷоми Испания рӯзи 9-уми январ «Барселона» ва «Атлетико» байни ҳам рақобат мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив