LIVE

Чаро Мессиро муҷозот ва ҷарима карданд?

Ҳамлавари бенадиду бе ҳамтои бошгоҳи “Барселона” ва яккачини Аргентина Лионел Месси аз як бозӣ муҷозот ва дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар ҷарима карда шуд. Ҳамин тавр Месси дар бозии якуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба дастааш ёрӣ дода наметавонад. Ёдовар мешавем, ки Месси баъди бозии даври ½ ниҳоии Ҷоми Амрико-2019 бар муқобили Бразилия (0:2) кори доваррони ин рақобатро ноадолатона хонада, ин мусобиқаро паст зад. Ба гуфтаи Месси дар рақобат бар муқобили Бразилия бояд, ки довар бо истифода аз системаи видеодовар (VAR) ба дарвозаи мизбони ин мусобиқа камаш ду пеналти таъйин мекард. Ҳамин тавр КОНМЕБОЛ аз болои Месси шикоят бурда, ӯро аз як бозӣ муҷозод ва дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар ҷарима намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив