LIVE

Месси 32 сола шуд!

Имрӯз яке аз ситораҳои машҳури футбол, дорандаи панҷ карат ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ”- Лионел Андрес Месси зодрӯз дорад. 32-сол қабл маҳз дар ана ҳамин рӯз, яъне 24-уми июни соли 1987 дар шаҳри Росариои Аргентина тифлаке чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Волидон бо сад умеду ҳавас исми ӯро Лионел Андрес Месси гузоштанд. Месси аз хурдӣ орзӯи футболбози касбӣ шуданро дошт. Аз синни 11 солагӣ дар ҳайати “Нюэлс Олд Бойз” ба футбол машғул шуд. Дар давоми чаҳор сол ин даста танҳо дар як вохӯрӣ ба мағлубият дучор гардид. “Риверт ПлейТ” ва “Нюэлс” талош мекарданд, то ин навраси соҳибистеъдод имзояшро ба қарордоди пешниҳодкардаи онҳо гузорад. Аммо ҳаёт ӯро ба маҷрои дигар бурд. Табибон норасоии ҳормонҳои афзояндаи қадро дар ҷисми Лео дарёфтанд. Барои барқарор намудани вазъи саломатии ӯ ҳар моҳ тақрибан 1000 доллари амрикоӣ лозим буд. “Риверт” ва “Нюэлс” ба харҷи чунин маблағи зиёд имкон надоштанд. Хушбахтона Хосе Мария Мингелла - скаути машҳури “Барселона” дар бораи Месси огаҳӣ ёфт. Месси аз он замон то инҷониб дар дастаи номдори “Барселона” фаъолият мекунад. Лео дар як суҳбат ба рузноманигорон гуфтааст, ки то рӯзе ҷон дар бадан дорам, барои “Барселона” хизмат мекунам. Дар ҳақиқат Месси бо “Барселона” ба қуллаҳои баланд расидааст.  Баъзе аз мутахассисони футбол борҳо иқрору исрор омадаанд, ки Месси бо он бозиҳое, ки дар майдон анҷом медиҳад аз ин сайёраи мо нест ва амалҳои ӯ аз ин шаҳодат медиҳад, ки Месси яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон ба шумор меравад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив