LIVE

Дар корномаи худ Месси чунин нишондод надошт

Ҳамлагари аргентинии дастаи “Барселона” - Лионел Месси аз 18 голе, ки дар мавсими ҷории Ла Лига задааст, танҳо 3 адади онро дар сафар ба ҳадаф расонидааст. Охирон маротиба Месси дар бозии сафарӣ рӯзи 1-уми декабр дар варзишгоҳи Ванда Метрополитано бар муқобили "Атлетико Мадрид" ба задани гол даст ёфтааст. Футболбози дастон давоми се моҳи охир аст, ки дар майдонҳои бегона гол намезанад. Лионел Месси дар Чемпионати Испания бо 18 гол мақоми аввалро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив