LIVE

Буҳрони беголии Месси идома дорад

Ҳамлагари «Барселона» - Лионел Месси дар даври 24-уми Чемпионати Испания ба дарвозаи «Хетафе» (2:1) гол зада натавонист.
Барои Месси ин бозии ҷаҳоруми пайдарҳам маҳсуб мешавад, ки бидуни задани гол майдонро тарк мекунад. Чунин ҳолат дар корномаи футболбози беҳамто бори охир дар мавсими солҳои -2013/2014 рух дода буд, ки он вақт ӯ дар 8 рақобати пайдарҳам хати дарвозаи рақибонро нашикаста буд. 
Новобаста аз бозиҳои бидуни гол Месси ҳанузам дар феҳристи нишонзанҳои Ла Лига мақоми аввалро бо 14 гол ишғол мекунад. Капитани “Барса” натанҳо беҳатрин нишонзан, балки дар миёни нафароне, ки аз ҳама бештар партофти голвар намудааст, садрнишин аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив