LIVE

Месси аз Роналду ду баробар зиёд маош мегирад

Капитани «Барселона» - Лионел Месси ҳанӯзам дар феҳристи футболбозони маошбаланд мақоми аввалро ишғол мекунад. Дар ин бора  L'Equipe иттилоъ дод.
Мувофиқи иттилои сарчашма бошгоҳи каталонӣ ба футболбози аргентинӣ  дар як моҳ 8,3 млн евро маблағ медодааст. 
     Дар зинаи дуюм ҳамлагари - «Ювентус»  Криштиану Роналду қарор дорад. Маоши ситораи португалӣ  4,5 млн € -ро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Мақоми сеюмро форварди «Пари Сен-Жермен» - Неймар бо маблағи  3 млн  €  ишғол мекунад.  Дар панҷгонаи маошбаландҳо  боз ду ҳамлагари «Барселона» - Луис Суарес  ва Антуан Гризманн қарор доранд, ки  дар як моҳ 3 млн  €  маблағ мегирифтаанд.
    Футболбозе, ки дар Англия аз ҳама маоши баланд мегирифтааст, ин дарвозабони «Манчестер Юнайтед» - Давид де Хеа будааст, ки  1,76 млн € дар як моҳ маблағ ба даст меорад. 
     Дар Олмон бошад,  Роберт Левандовски ва  Филиппе Коутиню ҳарду аз «Бавария» футболбозони сермаош маҳсуб мешаванд, ки дар як моҳ 1,66 млн € маблағ мегирифтаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив