LIVE

Месси ва Роналду гаронарзиштарин футболбоз нестанд

Маркази байналмилалии тадқиқотии варзишӣ  CIES Football Observatory дар сомонаи расмии хеш арзиши қиматтарин футболбози сайёраро нашр кард. Мақоми аввалро дар ин феҳрист ҳамлагари тими «Пари Сен-Жермен» ва мунтахаби Фаронса - Килиан Мбаппе бо арзиши 265,2 млн € ишғол намуд.  Ба зинаи дуюм футболбози тими «Манчестер Сити» ва яккачини Англия - Раҳим Стерлинг бо арзиши  223,7 млн € баромад. Ба сегонаи гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон нишонзани бошгоҳи  «Ливерпул» ва тими миллии Миср Муҳаммад Салоҳ  бо 175,1 млн € шомил шуд.  Футболбозони маъруф ба мисоли Лионел Месси ва Криштиану Роналду арзиши худро дар равзанаи гузариш рӯз то рӯз гум мекунанд. Ҳамлагари аргентинӣ аз рӯи натиҷагирии маркази мазкур  125,5 млн  € арзиш дошта, мақоми 8-умро ишғол намудааст. Ситораи португалӣ бошад,  бо арзиши  80,3 млн   € ба зинаи 49-уми феҳрист фаромадааст. 
Феҳристи гаронарзиштаринҳо:
1. Килиан Мбаппе («Пари Сен-Жермен», Фаронса) – € 265,2 млн
2. Раҳим Стерлинг («Манчестер Сити», Англия) – € 223,7 млн
3. Муҳаммад Салоҳ («Ливерпуль», Египет) – € 175,1 млн
4. Ҷейдон Санчо («Боруссия» Дортмунд, Англия) – € 168,9 млн
5. Садио Мане («Ливерпул», Сенегал) – € 155,6 млн
6. Гарри Кейн («Тоттенхэм», Англия) – € 150,5 млн
7. Маркус Рашфорд («Манчестер Юнайтед», Англия) – € 134,3 млн
8. Лионел Месси («Барселона», Аргентина) – € 125,5 млн
9. Антуан Гризманн («Барселона», Фаронса) – € 123,6 млн
10. Лаутаро Мартинес («Интер», Аргентина) – € 115,7 млн.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив