LIVE

Месси рекорд мегузораду “Реал” қаҳрамон шуданист

Ҳамлагари «Барселона» - Лионел Месси муаллифи ду партофти головар гардид. Дар даври 34-уми чемпионати  Испания «Барселона» дар сафар бо дастаи «Вилярреал» (1-4) рақобат кард. Дар ҷараёни бозӣ ҳамлагарон Луис Суарес ва Антуан Гризманн голҳои худро бо кӯмаки Месси ба самар расониданд. 
Шумораи партофтҳои головари Месси дар Ла – Лига дар мавсими ҷорӣ ба 19 адад расид, ки ин натиҷаи реокрдист. 
Месси натанҳо аз лиҳози партофтҳои самаровар пешсаф мебошад, балки ӯ бо 22 гол зинаи аввали нишонзанҳоро низ ишғол мекунад. 
Дар мақоми дуюм ҳамлагари  «Реала» - Карим Бензема бо 17 гол қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив