LIVE

Месси дар Ла Лига рекорди нав гузошт

Лионел Месси –нахустин футболбозе шуд, ки дар 12 мавсими Ла Лига аз 20 гол бештар мезанад. Дар даври 28-уми чемпионати Испания «Малйорка» бо  «Барселона» рақобат намуда, бо ҳисоби 0 бар 4 шикаст хурд. Рекорди навбатии худро футболбози 32-солаи аргентинӣ дар ин бозӣ ба қайд гирифт. Лионел Месси ба задани як гол ва ду партоби головар даст ёфт. Ҳаминтавр  Месси ягона бозигари чемпионати Испания шуд, ки дар 12 соли охир пайдарҳам 20 ва аз он ҳам бештар голзанӣ намудааст. Дар мавсими ҷорӣ  Месси дар 32 бозӣ ба майдон баромада, ба ҳадани 25 гол даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив