LIVE

Буҳрони беголии ҳамлгарони «Реал» ба 5 бозӣ расид

«Реал» бо ҳисоби  1 бар 0 «Валядолид»-ро шикаст дод.  Голи пирӯзиоварро дифоъгар Начо зад. Баъди ин дидор аз 6 голе, ки шогирдони Зидан дар бозиҳои охир дар Чемпионати Испания ба самар расониданд, бидуни иштироки ҳамлагарони бошгоҳи шоҳона сурат гирифт. Голҳоро  Каземиро ду маротиба, муҳофизатгар - Рафаэл Варан низ ду маротиба ва ниммуҳофизатгар - Лука Модрич ба номи худ муҳр заданд.  Футболбозони хати ҳуҷуми дастаи «Реал» дар панҷ бозии Ла Лига пайдарҳам майдонро бидуни задани гол тарк мекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив