LIVE

"Реал" садрнишини ҷадвали Ла Лига гашт

Бо дидори дастаҳои  “Валядолид” ва “Реал Мадрид” даври 21-уми Ла Лигаи Испания ҷамъбаст шуд. Бозии дастаҳои мазкур дар варзишгоҳи “Сораля” доир шуда, бо ғалабаи меҳмонон ба поён расид. 
Ягона голи ин рақобатро дифоъгари дастаи шоҳона Начо ба самар расонд. Начо бо сабаби муҷозоти Карвахал дар мавқеи ӯ ба майдон ворид шуд ва аввалин голи худро пас аз мавсими 2017/18 ба самар расонд. Начо голи ғалабаовари худро дар дақиқаи 78-ум ба ҳадаф расонд. 
Бо ин ғалабааш мадридиҳо соҳиби 46 имтиёз шуда, пешсафи ягонаи чемпионати Испания шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари даври мазкур “Валенсия” бар “Барселона” дастболо шуд. Дастаи “Валядолид”  пас аз ин давр мавқеи хуро тағйир надода, дар зинаи 16-ум боқӣ монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив