LIVE

«Реал» ба финали Суперҷоми Испания баромад

Дар даври нимниҳоии Суперҷоми Испания  дастаҳои «Валенсия» ва «Реал» майдондорӣ намуданд. Бози дар варзишгоҳи   «Шоҳ Абдулло Спортс Сити»-и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ сурат гирифт. Ниммуҳофизатгари олмонии «Реал» Тони Кроос ҳисобро дар дақиқаи 15-ум кушод. Голи дуюми мадридиҳоро футболбози испанӣ Иско ба ҳадаф расонид. дар қисми дуюми рақобат ниммуҳофизатгари дигари «Реал» Лука Модрич шумораи голҳои дастаашро боло бурд. Дар дақиқаҳои иловагии охири дидор Даниэл Парехо пенатиро ба гол анҷом дода, ҳисобро 3 бар 1 сохт. Бо ин роҳ «Реал» ба даври финалии Суперҷоми Испания баромад. Рақиби мадридиҳо дар дидори тақдирсоз аз миёни ҷуфти дигари даври нимниҳоӣ - «Барселона» ва «Атлетико» маълум хоҳад шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив